фармондеҳӣ — [فرمان دهي] 1. фармон содир кардан; амал ва кори фармондеҳ 2. ҳайате, ё касе, ки дар сари лашкар истодааст; фармондеҳӣ кардан фармон додан, ба лашкар ё гурӯҳи маълуми аскарон роҳбарӣ намудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сарлашкар — [سرلشکر] фармондеҳи лашкар; фармондеҳи артиш … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
амрдиҳанда — [امردهنده] фармондеҳ, дастурдеҳ, фармояндаи коре … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
амрдиҳӣ — [امردهي] фармондеҳӣ, фармонфармоӣ, ҳукмфармоӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
командир — [کامندير] фр. ҳ. фармондеҳ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қумондон — [قماندان] фр. гуфт. командир, фармондеҳ; сардори дастаи низомӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
омир — I [آمر] а. амркунанда, фармондеҳ, ҳоким, ҳукмрон II [عامر] а 1. таъмиркунанда, ободкунанда; зинатдиҳанда 2. зиёраткунанда 3. иқоматкунанда дар маҳалли маъмур III [عامر] а. номи яке аз қабилаҳои араб, ки Маҷнун ба он мансуб буд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
парвонадеҳ — [پروانه ده] амркунанда, фармондеҳ, иҷозатдиҳанда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
рӯзбон — [روزبان] кит 1. дарбон, зинҳор 2. сарҳанг, фармондеҳи лашкар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
сараскар — [سرعسکر] 1. сардори сипоҳ, саркарда, фармондеҳи як даста сипоҳ 2. таър. мансаби олии ҳарбӣ дар аморати Бухоро … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ